Абдураҳмони Ҷомӣ

Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо

Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо,
Зи рашки он ки бинам ҷоми майро лаб бар он лабҳо.

Шудӣ машҳури шаҳр он сон, ки ҳамчун «Сураи Юсуф»
Ҳамехонанд тифлон қиссаи ҳуснат ба мактабҳо.

Ба хоб ар бар дарат ёбанд ҷо ҷонҳои муштоқон,
Ба бедорӣ куҷо оянд дигар сӯйи қолабҳо?!

Зи ту ҳар шаб зи бас «ё Раб» равад бар осмон, афтад
Малоикро ғалат дар сабҳа аз ғавғои «ё Раб»-ҳо.

Танамро з-оташи дил ҳар дам афзояд табе дигар,
Худоро, ай аҷал, раҳме, ки ҷонам сӯхт з-ин табҳо!

Шудам бадбахт з-ашки худ, нашуд, оре, маро ҳаргиз
Саодатмандие рӯзӣ аз ин сайёра кавкабҳо.

Зи ҳафтоду ду миллат кард Ҷомӣ рӯ ба ишқи ту,
Бале, ошиқ надорад мазҳабе ҷуз тарки мазҳабҳо.