Ай гашта дилам ҳазорбора

Ай гашта дилам ҳазорбора,
Аз теғи ғамат ҳазор пора.

Ман ғарқа миёни хун зи гиря,
Хуш хандазанон ту аз канора.

Наздик ба мурданам зи шавқат,
Бигзор зи дур як назора.

Ҷуз теғи ту нест чораи мо,
Боз о, ки ба дасти туст чора!

Дар кӯйи ту ҳар касе ба корест,
Мо ҳеҷ касему ҳеҷкора.

Пеши суми тавсанат ниҳам сар,
Ҳар ҷо ба сарам расӣ савора.

Гирён бигузаштам аз диёрат,
Шуд манзили моҳ пурситора.

Аз баҳри ҷафо кашидани ту
Хоҳам чу дилат тане зи хора.

Кард аз дури назми хеш Ҷомӣ
Дар гӯши замона гӯшвора.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»