GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 26. Зулф ошуфтаву хай кардаву хандонлабу маст

Зулф ошуфтаву хай кардаву хандонлабу маст,
Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст,

Наргисаш арбадаҷӯву лабаш афсӯскунон,
Ними шаб дӯш ба болини ман омад, бинишаст.

Сар фарогӯши ман оварду ба овози ҳазин,
Гуфт: - Эй ошиқи деринаи ман, хобат ҳаст?

Ошиқеро, ки чунин бодаи шабгир диҳанд,
Кофари ишқ бувад, гар набувад бодапараст.

Бирав, эй зоҳиду бар дурдкашон хурда магир,
Ки надоданд ҷуз ин тӯҳфа ба мо рӯзи аласт.

Он чӣ ӯ рехт ба паймонаи мо, нӯшидем,
Агар аз хамри биҳишт асту агар бодаи маст.

Хандаи ҷоми маю зулфи гиреҳгири нигор,
Эй басо тавба, ки чун тавбаи Ҳофиз бишикаст.

Ҳофизи Шерозӣ 27. Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст
Ҳофизи Шерозӣ 28. Ба ҷони хоҷаву ҳаққи қадиму аҳди дуруст
Ҳофизи Шерозӣ 29. Моро зи хаёли ту чӣ парвои шароб аст?
Ҳофизи Шерозӣ 30. Зулфат ҳазор дил ба яке тори мӯ бибаст
Ҳофизи Шерозӣ 31. Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст
Ҳофизи Шерозӣ 32. Худо чу сурати абруи дилкушои ту баст
Ҳофизи Шерозӣ 33. Хилватгузидаро ба тамошо чӣ ҳоҷат аст
Ҳофизи Шерозӣ 34. Равоқи манзараи чашми ман ошёнаи туст
Ҳофизи Шерозӣ 35. Бирав ба кори худ, эй воиз, ин чӣ фарёд аст?
Ҳофизи Шерозӣ 36. То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР