Соқӣ, биё, ки доранд акнун ба каф пиёла

Соқӣ, биё, ки доранд акнун ба каф пиёла,
Бар тарфи боғ наргис, бар рӯйи дашт лола.

Аз ҷоми лола майгун гашта-ст ғунчаро лаб,
Ё худ ба захми дандон дар хун гирифт жола.

Ҳар дам зи дафтари гул хонад ба боғ булбул,
Ҳарфе, ки шарҳ додан натвон ба сад рисола.

Бо духтари раз аз сар бастем тоза ақде,
Маҳсули ақлу дониш кардем дар қабола.

Не ман ба худ фитодам дар кӯйи ишқу мастӣ,
Аз қисмати азал шуд ин давлатам ҳавола.

Маҳ мекунад таназзул баъд аз чаҳордаҳ, лек
Ҳар лаҳза дар тараққист он моҳи ҳаждасола.

Олист қасри ишрат он шоҳи ошиқонро,
Ҷомӣ, баландтар кун оҳанги оҳу нола.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»