Гар бинолам, зи дили хора барояд нола

Гар бинолам, зи дили хора барояд нола
В-ар бигирям, зи гили тира барояд лола.

Гашта дунболи сафаркарда саворест равон
Ашки сурхам, ки бад-ин гуна кашад дунбола.

Он чӣ дар васла нишинад ба ғами ишқ маро,
Нест ғайр аз дили он низ ба сад паркола.

Ҷон ситад нася, ки як бӯса баҳо хоҳам дод,
Кай бувад, кай, ки расад насяи моро ҳола?

Хурдам аз холи лаби ӯ ба тахайюл бӯсе,
Зад зи ширинии он бӯса лабам табхола.

Гар занад бо лаби он ғунчадаҳон лоф зи лутф,
Даҳани ғунча кунад пора ба дандон жола.

Чордаҳсола маҳе панҷаи Ҷомӣ бартофт,
Кард берун зи кафаш ҳосили панҷаҳсола.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»