Абдураҳмони Ҷомӣ

Худой хайр диҳод он ҷавони раъноро

Худой хайр диҳод он ҷавони раъноро,
Ки во раҳонд ба пиронасар зи мо моро.

Карашмаҳои ғизолони маст мебахшад
Фароғат аз ду ҷаҳон ошиқони шайдоро.

Шарори синаи Маҷнун зи оташи Лайлӣ
Кабоб сохт ҳама оҳувони саҳроро.

Суҷуди хоки дарат бурданам таманно буд,
Ба хок мебарам имрӯз ин таманноро.

Ба дида сӯйи ту оям, ки аз сари покон
Ба раҳгузори ту ҷо нест бар замин моро.

Чӣ суд панди касон, чун намебарад зи дилам
Ҳавои қадди дилорову рӯйи зеборо?!

Ҳалоки Ҷомии дилхаста хост он, к-орост
Ба шаклу шева саворони сарвболоро.