Абдураҳмони Ҷомӣ

Пири мо бигзошт охир шеваи зуҳҳодро

Пири мо бигзошт охир шеваи зуҳҳодро,¹
Сохт фарши майкада саҷҷодаи иршодро.²

Хурдаам пеш аз намози субҳ май, баҳри Худо,
Ай имом, имрӯз бо мутриб гузор авродро.

Чанг устодест дарси ишқро, ку мутрибе
То замоне бар сари дарс орад ин устодро?

Сӯфии дарюзагар аз базми ҷамъи Даҷлакаш
Гар равад, ғам нест як занбил кам Бағдодро.

Эътимоди муфлиси майхона бар файзи хум аст,
Нест зоде³ ҷуз таваккул ҳоҷии безодро.

Аз дами най нарм кай гардад дили сахти фақеҳ,
Гарчи созад филмасал нарм ин фусун фӯлодро.

Ҷомиё, хишт аз сари хум гиру гил аз лойи май,
Гар иморат хоҳӣ ин дайри харобободро.⁴

¹ Зуҳҳод – ҷамъи зоҳид; зоҳидон.
² Иршод – раҳнамоӣ.
³ Зод – тӯша.
⁴ Дайри харобобод – киноя аз дунё.