Боре дигарам каш ба ҷафо, доғ ба сина

Боре дигарам каш ба ҷафо, доғ ба сина,
То марҳами пешина шавад доғи пасина.

Ҳайҳот, ки шоистаи ғамҳои ту гардад,
То дил нашавад пок зи гил,¹ сина зи кина.

Пеш о, ки ба бар гирамат, ай толиби ишқӣ,
К-ин дард сироят кунад аз сина ба сина.

Ганҷест дили ман, ки зи пайкони ту дорад
Сад гавҳари сероб ба ҳар кунҷи дафина.

Дил ҷойи ғами туст, нигаҳ дораш аз ағёр,
Шарт аст зи шоҳони ҷаҳон поси хазина.

Ҷонам суйи тан з-орзуи ҳоли ту омад,
Чун мурғ, ки ояд ба замин аз пайи чина.²

То ёр кунад майли ғазалҳои ту, Ҷомӣ,
Аз хуни ҷигар ранг кун авроқи сафина.³


¹ Гил – олудагӣ, кина.
² Чина – дон.
³ Сафина – девони ашъор.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»