Рухат, ки ҳамчу гул аз тоби май арақ карда

Рухат, ки ҳамчу гул аз тоби май арақ карда,
Ҳазор ҷомаи ҷонро чу ғунча шақ¹ карда.

Зи лутфи ту варақе хонд андалеб ба боғ,
Насим дафтари гулро варақ-варақ карда.

Ҳақ аст бар ту маро бӯсае, бувад ҳаргиз,
Ки бинамат зи лаби худ адои ҳақ карда.

Ба дарси ишқ дилам з-он гирифт бар ҳама сабқ,²
Ки умр дар сари такрори он сабақ карда.

Туро чӣ баҳра расонад зи Ҳақ, ки воизи шаҳр
Дақиқае, ки баён карда, баҳри дақ³ карда.

Зи акси меҳри рухат сурхрӯиям ин бас,
Ки оби чашми маро сурх чун шафақ карда.

Ба нузли⁴ хомаи Ҷомӣ, ки коғазаш табақ аст,
Даҳон кушой, ки баҳри ту бар табақ карда.


¹ Шақ кардан – чок кардан, пора намудан.
² Сабқ – пешдастӣ.
³ Дақ кардан – таъна задан, маломат намудан.
⁴ Нузл – баракат.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»