Хаёли рӯи туам дӯш дар назар мегашт

Хаёли рӯи туам дӯш дар назар мегашт,
Вуҷуди хастаам аз ишқ бехабар мегашт.

Ҳумои шахси ман аз ошёни шодӣ дур,
Чу мурғи ҳалқбурида ба хок бармегашт.

Дили заъифам аз он кард оҳи хунолуд,
Ки дар миёнаи хунобаи ҷигар мегашт.

Чунон ғирев¹ бароварда будам аз ғами ишқ,
Ки бар мувофиқатам Зуҳра навҳагар мегашт.

Зи оби дидаи ман фарши хок тар мешуд,
Зи бонги нолаи ман гӯши чарх кар мегашт.

Киёс кун, ки диламро чӣ тири ишқ расид,
Ки пеши новаки ҳаҷри ту ҷонсипар мегашт.

Сабур бошу бад-ин рӯз дил манеҳ, Саъдӣ,
Ки рӯзи аввалам ин рӯз дар назар мегашт.


¹ Фарёду нола.