Соқиё, софи майи айш ба худкомон деҳ

Соқиё, софи майи айш ба худкомон деҳ,
Дурдии дард ба хуни ҷигарошомон деҳ.

Ҳар кӣ дарде накашад, гарчи сари хосон аст,
Бикаш афсори сараш, дар галаи омон деҳ.

Машраби дурдкашӣ нест накӯномонро,
Мутрибо, хез сало дар сафи бадномон деҳ.

Зоҳидон з-оташи мо – сӯхтагон, маҳруманд
Шараре, ё Раб, аз ин шуъла ба он хомон деҳ!

Чун зи шавқи ту кашам сар ба гиребони адам,
Баҳри атри кафанам гарде аз он домон деҳ.

Нест бе мақдами ту кори маро сомоне,
Қадаме ранҷа куну кори маро сомон деҳ.

Ҷомӣ, айёми гул аз савмаа сӯйи чаман ой,
Хирқаи зуҳд ба тороҷи гуландомон деҳ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»