Ай ғамат ҳар лаҳза ҷони нотавоне сӯхта

Ай ғамат ҳар лаҳза ҷони нотавоне сӯхта,
Барқи ишқат хонаи бехонумоне сӯхта.

Инчунин, к-аз ҳар даруне сӯзи ишқат шуъла зад,
Оқибат бинам аз ин оташ ҷаҳоне сӯхта.

Турбати моро алам ҳам з-оташи дил беҳ, чу мо
Бо даруни оташин рафтему ҷоне сӯхта.

Қиссаи сӯзи дили парвонаро аз шамъ пурс,
Шарҳи он оташ надонад ҷуз забоне сӯхта.

Чун ба қатли ман кашида шуълаи теғат алам,
З-оташи ғайрат ҷаҳоне ҳар замоне сӯхта.

Барқи теғи тези оташрези ӯ зоҳир шуда,
Ҷони сад олам ба ҳар оташфишоне сӯхта.

Сӯхт Ҷомӣ з-оташи ишқ ончунон, к-аз вай намонд
Ҷуз кафе хокистару чанд устухоне сӯхта.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»