Диле кӣ дид, ки перомани хатар мегашт?

Диле кӣ дид, ки перомани хатар мегашт?
Чу шамъ зору чу парвона дар ба дар мегашт.

Ҳазор гуна ғам аз чаппу рост домангир,
Ҳанӯз дар такупӯи ғаме дигар мегашт.

Сараш мудом зи шӯри шароби ишқ хароб,
Чу маст доим аз он гирди шӯру шар мегашт.

Чу бедилон ҳама дар кори ишқ меовехт,
Чу аблаҳон ҳама аз роҳи ақл бармегашт.

Зи бахт бе раҳу оину пову сар мезист,
Зи ишқ бе дилу орому хобу х(в)ар мегашт.

Ҳазор бораш аз ин панд бештар додам,
Ки гирди беҳуда кам гарду бештар мегашт.

Ба ҳар тариқ ки бошад, насиҳаташ макунед,
Ки ӯ ба қавли насиҳаткунон батар¹ мегашт.


¹ Мухаффафи бадтар.