GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Пирона сар кашидам сар дар раҳи сагонат

Пирона сар кашидам сар дар раҳи сагонат,
Мӯйи сафед кардам ҷорӯби остонат.

Ай аз ҳилоли абрӯ бар офтоби тобон
Мушкин камон кашида, ман чун кашам камонат?

Кам зан гираҳ миёнро бар қасди ман, ки тарсам
Тоби гираҳ наёрад аз нозукӣ миёнат.

Лаъли ту ҷону ман ҳам дорам рамида ҷоне,
Биншин даме, ки бодо ҷонам фидои ҷонат.

Судам ҷабин ба роҳат, гуфтӣ: – Маҷӯ зиёнам,
Ё Раб, Худо бибахшад сабре бар ин зиёнат!

Ман кистам, ки чинам барге зи гулбуни ту,
Кошам халад ба сина хоре зи бӯстонат.

Як бӯса ваъда кардӣ, лаъли лабат замон¹ шуд,
Худ лутф кун в-агарна бистонам аз замонат.

Хай² пок кун, Худоро, аз рух, ки шуст моро
Лавҳи сабурӣ аз дил рухсори хунчаконат.

Дашноме аз забонат бошад муроди Ҷомӣ,
Ё аз забони он кас, к-ӯ гӯяд аз забонат.

¹ Замон – зомин.
² Хай – арақ, арақи бадан.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Лола қадаҳи бодаву гул шоҳиди раъност
Абдураҳмони Ҷомӣ Соқӣ, биёр бода, деҳ акнун, ки фурсат аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Боз дар базми ғамат наъраи нӯшонӯш аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Он кист савора, ки балои дилу дин аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Хубон ҳазору аз ҳама мақсуди ман якест
Абдураҳмони Ҷомӣ Ин ҳама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай турки шӯх, ин ҳама нозу итоб чист?
Абдураҳмони Ҷомӣ Боз чашмам дурфишон аз лаъли гавҳарбори кист?
Абдураҳмони Ҷомӣ Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?
Абдураҳмони Ҷомӣ Ваҳ, ки боз аз кафи ман гавҳари мақсуд бирафт
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР