Ай, ки маро ба сад ҷафо синафигор кардаӣ

Ай, ки маро ба сад ҷафо синафигор кардаӣ,
Бо ту якест аҳди ман, гар ту ҳазор кардаӣ.

Бӯса қарор кардиям аз лаби худ, чу ҷон диҳам,
Ҷон ба лабам расид, ку он чӣ қарор кардаӣ?

Хатти узори туст ин ё на, ки мушк судаӣ,
Чашмаи офтобро зери ғубор кардаӣ.

Хобгаҳам ҷудо зи худ сохтаӣ, ҳариру гул
Болиши хора додаӣ, бистари хор кардаӣ.

Ҷилвакунон ҳамеравӣ маркаби ноз зери рон,
Ғорати ақлу ҳушро фитнасавор кардаӣ.

Рӯйи чу гул намудаӣ, сабза бар он фузудаӣ,
Кулбаи меҳнати маро боғу баҳор кардаӣ.

Ҷомӣ, агар на ошиқӣ, дар раҳи некӯвон чаро
Дил ба ду ним мондаӣ, дида чаҳор кардаӣ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»