Абдураҳмони Ҷомӣ

Он кист савора, ки балои дилу дин аст

Он кист савора, ки балои дилу дин аст,
Сад хона барандохта, дар хонаи зин аст?!

Моҳест дурахшанда, чу бар пушти саманд аст,
Сарвест хироманда, чу бар рӯйи замин аст.

Ошӯби ҷаҳон аст, агар аспсавор аст,
Осоиши ҷон аст, агар базмнишин аст.

Дар оташу обам зи дилу дида чу дидам,
К-афрӯхта рухсору арақ карда ҷабин аст.

Бартофт зи ман рӯ, гираҳ афганд бар абрӯ,
Инак сару шамшер, агар бар сари кин аст.

Гар қиссаи худ арзаи рояш натавон кард,
Сад шукри Худо, к-ӯ ҳамадону ҳамабин аст.

Гуфтам, ки суханронии Ҷомӣ зи лаби туст,
Аз писта шакар рехт, ки оре, сухан ин аст.