GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Боз чашмам дурфишон аз лаъли гавҳарбори кист?

Боз чашмам дурфишон аз лаъли гавҳарбори кист?
Ашки ман з-ин гуна гулгун аз гули рухсори кист?

Зери девори ту ҳар шаб зор нолам то саҳар,
Бар лаби бом о шабе, к-ин нолаҳои зори кист?

Чашм медоранд халқе дидани рӯят ба хоб,
То худ ин давлат насиби дидаи бедори кист?

Ман намегӯям ту кардӣ чокҳо дар ҷони ман,
Ҳар кӣ бинад ҷони ман, донад, ки инҳо кори кист?

Кӯйи ту сад ҷо ба хун оғушта шуд, охир бипурс,
К-ин ҳама аз синаи решу дили афгори кист?

Гаштаам бемор чун чашмат, чӣ бошад, гар гаҳе
Гӯшаи чашм афганӣ сӯям, ки ин бемори кист?

Номи Ҷомӣ тай кун, ай мутриб, Худоро з-ин ғазал,
Тарсам он маҳ нашнавад, гар донад ин гуфтори кист?

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?
Абдураҳмони Ҷомӣ Ваҳ, ки боз аз кафи ман гавҳари мақсуд бирафт
Абдураҳмони Ҷомӣ Соҳибдиле, ки нарди вафо ошиқона бохт
Абдураҳмони Ҷомӣ Биё, ки шоҳиди бустон зи рух ниқоб андохт
Абдураҳмони Ҷомӣ Партави шамъи рухат акс бар афлок андохт
Абдураҳмони Ҷомӣ Лаб кушодӣ, то сухан гӯйӣ, дури сероб рехт
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил, ки рӯзе чанд бо дидори хубон хӯ гирифт
Абдураҳмони Ҷомӣ Абри найсон соябон бар торуми гардун зада-ст
Абдураҳмони Ҷомӣ Ин заминест, ки сарманзили ҷонон буда-ст
Абдураҳмони Ҷомӣ Турки гулчеҳраи ман хайма ба саҳро задааст
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР