Насими субҳдам, ай рӯҳбахши рӯҳафзой

Насими субҳдам, ай рӯҳбахши рӯҳафзой,
Ба кӯйи дӯст гузар мушкбезу ғолиясой.

Зи гарди раҳ чу бар он хоки дар занӣ нафасе,
Пас аз иҷозати дарбон замин бибӯсу дарой.

Бибанд даст ба хидмат в-агар маҷоз шавад,
Ба арзи ҳоли мани безабон забон бикшой.

Намудамат тани чун мӯйи хеш, заъфи маро
Ба он миёни чу мӯ ба мӯй боз намой.

Чу дар хиром ниҳад пой бар замин, бирасон
Тазарруи рухи зардам ба хоки он кафи пой.

Зи нолаҳои манаш ёд деҳ ба базми тараб,
Чу мутрибони хушилҳон шаванд нағмасарой.

Зи ҳоли Ҷомӣ агар пурсадат, бигӯ, инак
Навишта номае аз оби чашми хунполой.

Зи баски кост, агар хонияш, тавонад сохт
Даруни нома, миёни ҳуруф худро ҷой.

Пайи дуъои ту ҳар дам кашад ба риштаи назм
Ҷавоҳири сухан аз баҳри табъи гавҳарзой.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»