Зорам аз фурқати шириндаҳане, нӯшлабе

Зорам аз фурқати шириндаҳане, нӯшлабе,
Чора васл аст, барангез, Худоё, сабабе.

Ҷон, ки дар мавҷи ғам афтод ҷудо з-он лаби лаъл,
Оқибат хоҳадаш он мавҷ расонад ба лабе.

Чун наёяд адаби базми висол аз мани маст,
Дам ба дам мерасад аз шаҳнаи шаҳрам адабе.

Сохт бо нағмаи ғам мурғи дилам, з-он ки нахост
Ҳаргиз аз булбули ин боғ навои тарабе.

Сӯхт аз тоби ғамаш ҷону дилам, гарчи табиб
Накунад аз тани ранҷури ман эҳсоси табе.

Талаби рӯзу дуои шабам ин кард асар,
Ки на рӯзе шавадам васл муяссар, на шабе.

Ҷомӣ аз роҳи талаб монд, зиҳӣ ҳасрату дард,
Гар на матлуб дарояд, равадаш беталабӣ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»