Ай мурғи саҳар, чанд кунӣ нолаву зорӣ

Ай мурғи саҳар, чанд кунӣ нолаву зорӣ,
Аз дарди кӣ менолию андӯҳи кӣ дорӣ?

Гар ҳаст туро шавқи гуле, хез чу булбул,
Бигзар ба тамошогаҳи гулҳои баҳорӣ.

Чун фохта гар шефтаи сарви равонӣ,
Ин ҷо чӣ кунӣ, тарфи чаманро чӣ гузорӣ?

Не, не, ғалатам, ҳаст туро низ ғаму дард
З-он маҳ, ки чу гул баҳри сафар баст иморӣ.

Ғамномаи ҳиҷрон ба пару боли ту бастам,
Зинҳор, ки онро ба сагонаш бисупорӣ.

Ман низ чу ту сӯхтаи доғи фироқам,
Хоҳам, ки чу он ҷо бирасӣ, ёди ман орӣ.

Гар қиссаи Ҷомӣ зи ту пурсад, хабараш деҳ,
К-афтода зи ҳаҷри ту ба сад меҳнату зорӣ.

Дорад ба раҳат дидаи уммед, ки рӯзе
Бозоию бар вай назари лутф гуморӣ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»