Киям ман? – Бедиле, беэътиборе

Киям ман? – Бедиле, беэътиборе,
Ғарибе, бенасибе, хоксоре.

Чу барқ аз оҳи гарм оташфурӯзе,
Чу шамъ аз сӯзи дил шабзиндадоре.

Ба дил тухми ғами ишқи ту корам,
Надорам ғайр аз ин корею боре.

Парешон шуд зи ишқат рӯзгорам,
Бибахшо бар парешонрӯзгоре.

Зи зулфат кори ман ошуфтатар гашт,
Чӣ гирӣ бар дил аз ошуфтакоре.

Зи ман гар хурдае омад, макун айб,
Зи хурдон хурда набвад айбу оре.

Шафеъ овардаам пеши ту, инак
Рухи зардеву чашми ашкборе.

Кам аз хоки раҳам, ҳайф аст, к-аз ман
Нишинад бар дили покат ғуборе.

Ба оҳи сард хуш мебош, Ҷомӣ,
К-аз ин дай бардамад рӯзе баҳоре.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»