Гаҳе дар дил, гаҳе дар дида бошӣ

Гаҳе дар дил, гаҳе дар дида бошӣ,
Диламро хун кунӣ в-аз дида пошӣ.

Зи лавҳи хотирам нақши бутонро
Тарошидӣ, хушо ин буттарошӣ!

Харидори ту з-ин рӯ шуд ҷаҳоне,
Ки чун Юсуф ба хубӣ гашта фошӣ.

Чу чанг аз дасти ту з-он мехурӯшам,
Ки чун чангам раги ҷон мехарошӣ...

Чӣ мепурсӣ, ки Ҷомӣ ошиқи кист,
Чӣ гӯям ман, ту ҳам дониста бошӣ?

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»