Мезад сафири шавқ хазондида булбуле

Мезад сафири шавқ хазондида булбуле,
Мерафт дар ҳақиқати ҳолаш тааммуле.

Гуфто: – Зи сирри нолаи ман огаҳӣ наёфт,
Ҷуз булбуле, ки дод зи каф домани гуле.

Бо лутфи қадду накҳати зулфат наёфтем
Бар тарфи ҷӯй сарвею дар боғ сунбуле.

Гаштам чу хок пасту накардӣ чу офтоб
Ҳаргиз зи авҷи торуми иззат таназзуле.

Омад илоҷи иллати дил бӯсае зи ту,
Ай вой, агар кунад лаби лаълат тааллуле.¹

Чизе ба ҷуз хаёл зи ман дар миён намонд,
То дорам аз миёни ту бо худ тахайюле.

Хам гашт пушти тоқати Ҷомӣ зи бори дил,
Бечора ошиқе, ки надорад таҳаммуле!


¹ Тааллул – баҳонаҷӯйӣ; ба таъхир андохтан.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»