Ай боғи ҳуснро зи ҷамоли ту хуррамӣ

Ай боғи ҳуснро зи ҷамоли ту хуррамӣ,
Чашми бад аз ту дур, ки маҳбуби оламӣ.

Ҳурӣ, бигӯй баҳри Худо, ё фариштаӣ?
К-ин лутфу нозукӣ набувад ҳадди одамӣ.

Захми туро чӣ ҳоҷати марҳам бувад, ки он
Шояд ҷароҳати дили моро ба марҳамӣ.

Дил они туст, дамбадам аз баҳри бурданаш
Ишва чӣ менамоию афсун чӣ медамӣ?!

Гар чархро намонд вафое, чӣ бок аз он,
Ҳаргиз мабод ҷавру ҷафои туро камӣ!

Гумгаштагони бодияи меҳнату ғамем,
Мушкил барем раҳ ба сари кӯйи беғамӣ.

Ҷомӣ саги туро ба ғуломӣ намесазад,
Ӯро чӣ ҳадди он ки кунад бо ту ҳамдамӣ?

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»