Эй диданат осоишу хандиданат офат

Эй диданат осоишу хандиданат офат,
Гӯй аз ҳама хубон бирабудӣ ба латофат.

Эй сурати дебои хитоӣ ба накӯӣ,
В-эй қатраи борони баҳорӣ ба назофат.

Ҳар мулки вуҷуде, ки ба шӯхӣ бигирифтӣ,
Султони хаёлат бинишондӣ ба хилофат¹.

Эй сарви хиромон, гузаре аз дари раҳмат,
В-эй моҳи дурафшон, назаре аз сари раъфат!²

Гӯянд, бирав, то биравад суҳбатат аз дил,
Тарсам, ҳавасам беш кунад буъди масофат.

Эй ақл, нагуфтам, ки ту дар ишқ нагунҷӣ?
Дар давлати хоқон натавон кард хилофат.

Бо қадди ту зебо набувад сарв ба нисбат,
Бо рӯи ту некӯ набувад маҳ ба изофат³.

Онро ки дилором диҳад ваъдаи куштан,
Бояд ки зи маргаш набувад ҳеч махофат⁴.

Сад суфраи душман биниҳад толиби мақсуд,
Бошад, ки яке дӯст биёяд ба зиёфат.

Шамшер зарофат бувад аз дасти азизон,
Дарвеш набояд, ки биранҷад ба зарофат.

Саъдӣ, чу гирифтор шудӣ, тан ба қазо деҳ,
Дарё дуру марон буваду ҳавлу махофат.


¹ Ҷонишинӣ.
² Шафқат, меҳрбонӣ.
³ Нисбат кардан.
⁴ Хавф, тарс.