GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Дӯш бар ёди ту чашмам дам ба дам хун мегирист

Дӯш бар ёди ту чашмам дам ба дам хун мегирист,
Сӯзи ман медид шамъу аз ман афзун мегирист.

Гиряи талхи суроҳӣ низ бечизе набуд,
Ғолибан, аз шавқи он лабҳои майгун мегирист.

Субҳдам, ё Раб, кавокиб¹ буд резон аз сипеҳр,
Ё на бар дарди дили ман чашми гардун мегирист.

Чун фузун гардид дарди ман, бурид аз ман умед
В-арна бемуҷиб чаро ҳангоми афсун мегирист?

Он на борон буд гирди кӯйи Лайлӣ ҳар баҳор,
Рӯзгори сангдил бар ҳоли Маҷнун мегирист.

В-он равон то манзили Ширин на ҷӯйи шир буд,
Балки бар Фарҳоди мискин кӯҳу ҳомун мегирист.

Шуд чунон, Ҷомӣ заиф аз меҳнати ҳиҷрон, ки дӯш
Сели ашк аз хона мебурдаш бурун, чун мегирист!

¹ Кавокиб – ҷамъи кавкаб, ситораҳо

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Дардо, ки ёр ҷониби моро нигаҳ надошт
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар сари кӯе, ки рӯзе сарви нози ман гузашт
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷон тани фарсударо бо ғами ҳиҷрон гузошт
Абдураҳмони Ҷомӣ Дар базми мо, ки меравад аз нуқлу ҷом баҳс
Абдураҳмони Ҷомӣ Сари зулфат, ки ҳаст аз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ
Абдураҳмони Ҷомӣ Аз ёри куҳан намекунӣ ёд
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалқаи гӯши туро ҳар кӣ бад-ин лутф бидид
Абдураҳмони Ҷомӣ Хуррам дили онҳо, ки ба майхона нишастанд
Абдураҳмони Ҷомӣ Омад хазони умру маро гуна зард кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Тири ту афтод дур, ҷони ман афгор кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР