Вақти гул маю мутриб давлатест, то донӣ

Вақти гул маю мутриб давлатест, то донӣ,
Давлате чунин дарёб, ай ба давлат арзонӣ!

Кеши кофирон дорад наргиси ту, к-аз мижгон
Карда сад мусулмонро рахна дар мусулмонӣ.

Дар ҷафо камар бастӣ, аҳди меҳр бишкастӣ,
Неки нек бадаҳдӣ, сахт сустпаймонӣ.

Ҷоҳу ҳашмату хубӣ ҷовидон намемонад,
Доди бенавоён деҳ, пеш аз он ки натвонӣ.

Менишонам андар дил меҳри қоматат, лекин
Донам ин ниҳол охир бар диҳад пушаймонӣ.

Мекунам зи ҳиҷронат сина чок чун лола,
Ваҳ, ки фош хоҳад шуд доғҳои пинҳонӣ.

Арсаи ҷаҳон, Ҷомӣ, ғуссае намеарзад,
Баҳри буду нобудаш хешро чӣ ранҷонӣ?

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»