Ту шамъи маҷлиси унсию шоҳи олами ҷонӣ

Ту шамъи маҷлиси унсию шоҳи олами ҷонӣ,
Биноз бар ҳама хубон, ки нозанини ҷаҳонӣ.

Аҷаб сабеҳу малеҳӣ, аҷаб ҷалилу ҷамилӣ,
Вале чӣ суд, ки қадри ҷамоли хеш надонӣ!

Ба чеҳра сурати чинӣ, ба ғамза офати динӣ,
Ба ишва шӯри ҷаҳонӣ, ба ханда роҳати ҷонӣ.

Ба сеҳри наргиси мастона офати зану мардӣ,
Ба лутфи қомату боло балои пиру ҷавонӣ.

Хаданги оҳ зи чарх аз ғами ту мегузаронам,
Гаҳе бипурс, ки бе мо чӣ гуна мегузаронӣ!

Нагӯямат суйи худ хон маро, бад-ин хушам аз ту,
Ки хониям саги худ, гарчи сӯйи хеш нахонӣ.

Сифоти ҳусни ту гуфтан чӣ ҳадди Ҷомии бедил,
Ба ҳар куҷо, ки расад фикри ӯ, ту бартар аз онӣ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»