Ҳар нозанин, ки бинам ҷавлонкунон ба роҳе

Ҳар нозанин, ки бинам ҷавлонкунон ба роҳе,
Оҳе зи дил барорам бар ёди каҷкулоҳе.

Чун он дуҳафта маҳро ҳамчун маҳи дуҳафта,
Ҳар ҳафта дид натвон, қонеъ шудам ба моҳе.

Таскин чӣ гуна ёбад шавқам, ки дар гузарҳо
Аз дур бинам ӯро в-он низ гоҳ-гоҳе.

Аз хок сар барорам, гар бигзарад ба хокам,
З-он сон, ки рӯяд аз гил дар пойи гул гиёҳе.

З-ин раҳ гузашт, гӯйӣ, он ғамзазан, ки ҳар сӯ
Дар хуну хок ғалтон афтода бегуноҳе.

Сад ҳарфи ғам навиштам дар дил, чу нома в-онро
Хоҳам фиганд сӯяш ҳамроҳи тири оҳе.

Ҷомӣ, фикан ба хорӣ худро ба хоки кӯяш,
Шояд ба чашми раҳмат сӯят кунад нигоҳе.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»