Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷон тани фарсударо бо ғами ҳиҷрон гузошт

Ҷон тани фарсударо бо ғами ҳиҷрон гузошт,
Тоқати суҳбат надошт, хона ба меҳмон гузошт.

Тири ту омад фурӯ, сина басе танг буд,
Дил ба адам рӯ ниҳод, ҷой ба пайкон гузошт.

Каъбараверо кашид ҷазбаи хоки дарат,
Роҳилаву¹ зодро зери мағелон гузошт.

Гиря чароғам бикушт, гармии дил ҳамчунон
Оташи пайдо нишонд, сӯзиши пинҳон гузошт.

Турки дилошӯби ман гар хираду сабр пок
Бурд ба ғорат, чӣ бок, шукр, ки имон гузошт.

Тарфи кулаҳ баршикаст, рахши ҷафо тунд ронд,
Ҳар қадаме сад чу ман волаву ҳайрон гузошт.

Ҷомии бедил наёфт дод зи хубони шаҳр,
Роҳи сафар баргирифт, шаҳр бад-эшон гузошт.

¹ Роҳила – ҳайвони боркаш.