Дил бурд зи ман ишвагаре, фитнанамое

Дил бурд зи ман ишвагаре, фитнанамое,
Зарринкамаре, каҷкулаҳе, тангқабое.

Дар ҳусну малоҳат чӣ паричеҳра нигоре,
Дар саркашию ноз чӣ шӯхе, чӣ балое!

Ман кай ба висолаш расам, ин бас, ки ба роҳаш
Рӯзе, ки шавам хок, бибӯсам кафи пое.

Сӯзе, ки маро бар ҷигар аз оташи ишқ аст,
Ҷуз шарбати маргаш набувад ҳеҷ давое.

Рӯзе, ки шавам хоку барад бод ба ҳар сӯ,
Ёбанд ба ҳар зарраи ман бӯйи вафое.

Дорӣ сари хунрези ман, инак кафану теғ,
Бо ҳукми ту касро нарасад чуну чарое.

Бошад ғами ҳаҷри ту ба хуноба бар он нақш,
Гар аз сари хокам бидамад барги гиёе.

Ту хандазанон мегузарӣ бехабар аз ман,
Ман гирякунон мекунам аз дур дуое.

Ё Раб, ба чӣ хурсанд шавад Ҷомии бедил,
Рӯзе, ки наёбад зи ту ташрифи балое?

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»