GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Сари зулфат, ки ҳаст аз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ

Сари зулфат, ки ҳаст аз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ,
Бар он рухсору ораз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Хаёли қомату меҳроби абрӯи ту мебандад,
Ки мехонад имом аврод¹ гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Чу дар мастӣ хиромӣ, қаддат аз хосияти бода
Шавад чун шохи гул аз бод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Дар он болову зулф аз боғбони сунъ ҳайронам,
Ки чун мепарварад шамшод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Рақиби каҷниҳодат бод хуррам ростӣ, к-орад
Ба ошиқ муждаи бедод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Намози ман ниёз омад, чӣ ҳосил з-он ки дар масҷид
Шавам бар одати зуҳҳод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

Хаёли қадду зулфат баст Ҷомӣ дар сухан, з-он рӯ
Радифи шеъри ӯ афтод гоҳе рост, гоҳе каҷ.

¹ Аврод – ҷамъи вирд.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Аз ёри куҳан намекунӣ ёд
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалқаи гӯши туро ҳар кӣ бад-ин лутф бидид
Абдураҳмони Ҷомӣ Хуррам дили онҳо, ки ба майхона нишастанд
Абдураҳмони Ҷомӣ Омад хазони умру маро гуна зард кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Тири ту афтод дур, ҷони ман афгор кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Мутриб оҳанги тараннумҳои шавқангез кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Ваҳ, ки он турки парипайкар маро девона кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Ваҳ, ки он султон ба мазлумон нигоҳе ҳам накард
Абдураҳмони Ҷомӣ То кай он шӯх маро бинаду нодида кунад
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР