Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ

Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ,
Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ!

Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгаҳи нозӣ,
Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ!

Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре,
Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ!

Ай фохта, парвозкунон бар сари сарвӣ,
Дарди дили мурғони гирифтор чӣ донӣ!

Кори дили риндони балодида бувад ишқ,
Ай зоҳиди мағрур, ту ин кор чӣ донӣ!

Нодида зи хоки раҳи ӯ куҳли басират,
Бо бебасарӣ лаззати дидор чӣ донӣ!

Ҷомӣ, туву беҳушиву ҷоми маю мастӣ,
Роҳу равиши мардуми ҳушёр чӣ донӣ!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»