Гар наёбам бӯе аз васли ту дар гулзорҳо

Гар наёбам бӯе аз васли ту дар гулзорҳо,
Ҳамчу ашки худ ба хун ғалтам миёни хорҳо.

Чун ниқобафканда дидат шоҳиди гул дар чаман,
Канд нохун-нохун аз рашки рухат рухсорҳо.

Пеши хуршедам чу деворест ҳоил дар рақиб,
Бод чун соя зи по афтода ин деворҳо!

Мастаму дарюза дорам ваҷҳи май, гӯ, муҳтасиб,
То бигардонад маро гирди ҳама бозорҳо.

Кори ман майхориву борам сабӯи майкашист,
Бори ман бошад дигар кор, озмудам борҳо.

Гарна бо зулфат расонад силсила пашминапӯш,
Тору пуди хирқааш бошад ҳама зуннорҳо.

Гар ба дасти рост Ҷомӣ субҳа дорад, ҷоми май
Бар кафаш неҳ, к-ӯ ба дасти чап кунад ин корҳо.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»