Шароби лаъл бошад қути ҷонҳо, қуввати дилҳо

Шароби лаъл бошад қути ҷонҳо, қуввати дилҳо,
«Ало ё айюҳассоқӣ, адир қаъсан ва новилҳо».¹

Чу з-аввал ишқ мушкил буд в-охир, ҳам чаро гӯям,
«Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо?!»²

Хушо масте, ки ҳушёр аз ҳарам хезад аз он фориғ,
Ки буд андар миён роҳеву андар роҳ манзилҳо.

Надонам, к-аз кадомин парда зад ҳодӣ наво, к-имшаб
Зи гулбонги ҳадӣ сайри дигар доранд маҳмилҳо.

Мазан бар куҳнадалқи дурднӯшон, зоҳидо, таъна,
Ки дар кӯйи муғон ҳастанд садророи маҳфилҳо.

Шудам дар лойҳои хум фурӯ, ҳарчанд медонам,
Ки рӯзе бардамад гулҳои расвоӣ аз ин гилҳо.

Дар ин гирдоби ғам киштии май аз каф манеҳ, Ҷомӣ,
Ки натвон ҷуз бад-ин киштӣ гирифтан роҳи соҳилҳо.


¹ Мисраъ аз Хоҷа Ҳофиз аст.
² Ин мисраъ низ аз Хоҷа Ҳофиз аст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»