Сабукдастӣ кун, ай соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро

Сабукдастӣ кун, ай соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро,
Ба худ дармондаем, аз мо замоне вораҳон моро!

Намехоҳем, к-афтад чашми мо бар мо, хушо вақте,
Ки созӣ дар ҳиҷоби ғайби хеш аз мо ниҳон моро!

Миёни мову ту набвад ҳиҷобе ҷуз вуҷуди мо,
Биё, як дам камар бикшою бардор аз миён моро.

Ҷамоли худ намо, то нест гардем аз вуҷуди худ,
Ки ҳаст ин нестӣ тухми бақои ҷовидон моро.

Чунон аз шавқи ту мастему дар ишқи ту мустағриқ,
Ки не парвои ҷон монда-сту не фикри ҷаҳон моро.

Нишони давлати сармад ба номи мо куҷо ояд,
Накарда аз нишонҳо пок ишқи бенишон моро!

На дар кавн аст манзил ишқро, не дар макон, Ҷомӣ,
Раҳо бинмо бурун аз арсаи кавну макон моро!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»