Хуш он манзил, ки моҳе бошад он ҷо

Хуш он манзил, ки моҳе бошад он ҷо,
Зи хайли ҳусн шоҳе бошад он ҷо!

Қабо гардад ҳазорон хирқа ҳар ҷой,
Ки чун ту каҷкулоҳе бошад он ҷо!

Ба боғ ар бигзарӣ, сарви хиромон
Кам аз шохи гиёҳе бошад он ҷо!

Бар он лаб чун кунад дил даъвии хун,
Зи ҳар чашмам гувоҳе бошад он ҷо.

Ба кунҷи ошиқон о, к-аз тару хушк
Ҳамин ашкеву оҳе бошад он ҷо.

Гаронӣ барнатобад кӯят он беҳ,
Ки Ҷомӣ гоҳ-гоҳе бошад он ҷо!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»