Мо ринду ошиқему назарбозу майпараст

Мо ринду ошиқему назарбозу майпараст,
Бар мо ҳаром ҷуз маю маъшуқ, ҳар чӣ ҳаст.

Зоҳид кашид бар сафи хумҳои бода санг,
Ё Раб, мабод бар сафи ин пурдилон шикаст.

Дар интизори рӯйи ту будам нишаста дӯш,
То вақти субҳ ойинаи ҷоми май ба даст.

Пиндоштам, ки ламъаи нури ҷамоли туст,
Аз ҳар тараф ситора дурахшиду барқ ҷаст.

Олитар аст ҳиммати риндон зи шайхи шаҳр,
Оре, бувад басе ба ҷаҳон з-ин баланду паст.

Моро чӣ тоқати ту, ки бар кӯҳу санг тофт
Як партав аз ҷамоли ту, дигар камар набаст.

Ҷомӣ, ки дошт бодапарастӣ ҳамеша кор,
Паймон шикасту боз пайи кори худ нишаст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»