Абдураҳмони Ҷомӣ

Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд

Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд,
Ростон майл бад-он қомати дилҷӯй кунанд.

Ғамзаҳоро макун ангез пайи ғорати дин,
Кофиронанд, мабодо, ки бад-ин хӯй кунанд.

Чун хати сабзи ту нозук натавонанд навишт,
Хушнависон ба масал гар қалам аз мӯй кунанд.

Чун шавад хок сарам, бар сари кӯяш фиганед,
Бошад, ин коса сафоли саги он кӯй кунанд.

Соликон бе кашиши дӯст ба ҷойе нарасанд,
Солҳо гарчи дар ин роҳ такопӯй кунанд.

Ман кию қибла? – Чу дар хок барандам, зинҳор,
Ҳар куҷо манзили ӯ, рӯйи ман он сӯй кунанд.

Васфи он рӯй чу гул гӯ ба гулистон, Ҷомӣ,
Булбулон чанд ҳадиси гули худрӯй кунанд.