Хонаи дил харобкардаи туст

Хонаи дил харобкардаи туст,
Чашмаи ҷон саробкардаи туст.

Хӯрдро чашми ӯ надида ба хоб,
Ҳар кӣ бехӯрд хобкардаи туст.

З-ашки навмедиву нами ҳасрат
Дидаи тар пуробкардаи туст.

Арчи мӯям сафед гашт чу шир,
Чеҳра аз хун хизобкардаи туст.

То ту ринду шаробхора шудӣ,
Дили халқе кабобкардаи туст.

Чашми гирёни ман зи акси лабат
Соғари пуршаробкардаи туст.

Ҷомиву шеъри хуш, туву дашном,
Шеърҳояш ҷавобкардаи туст!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»