Ба Худо, ғайри Худо дар ду ҷаҳон чизе нест

Ба Худо, ғайри Худо дар ду ҷаҳон чизе нест,
Бенишон ҳаст ҳама, ному нишон чизе нест.

Чанд маҳҷуб¹ нишинӣ ба гумони дигарон,
Хайма дар кӯйи яқин зан, ки гумон чизе нест.

Безабон шав, чӣ кунӣ сирри ғами ишқ баён,
Ки дар ин масъала тақрири забон чизе нест.

Ҳастии туст ҳиҷоби тую гар не, пайдост,
Ки ба ҷуз дӯст дар ин парда ниҳон чизе нест.

То кай аз савмаа ороӣ пайи даъвати халқ
Бонги беҳуда, чу дар суфраву хон чизе нест.

Гар зи ишқат хабаре ҳаст, бигӯ, ай воиз,
В-арна хомӯш, ки фарёду фиғон чизе нест.

Бандаи ишқ шудӣ, тарки насаб гӯ, Ҷомӣ,
Ки дар ин роҳ фалон бинни фалон чизе нест.


¹ Маҳҷуб – пӯшида,нопадид, пинҳон.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»