Чун камар баста маҳи ман ба сафар берун рафт

Чун камар баста маҳи ман ба сафар берун рафт,
Сад дил овехта аз тарфи камар берун рафт.

Ӯ қадам мезаду мардум ҳама дар хун буданд,
Ки бад-он шакли хуш аз пеши назар берун рафт.

Нест ин хуни равонам зи сари ҳар мижа ашк,
Ҷӯш зад дар дили ман хуну зи сар берун рафт.

Манъи носеҳ зи ғами ишқи ваям боде буд,
Ки зи як гӯш даромад, зи дигар берун рафт.

Қатраи об ки омад ба дил аз пайконаш,
Ҳирқат¹ аз ҷону ҳарорат зи ҷигар берун рафт.

Нест дар ҳалқаи ушшоқ забон, ҳайронам,
К-аз забоне, ки аз он ҳалқа хабар берун рафт.

Дӯш дар кулбаи Ҷомӣ зи нами дидаву оҳ
Оташ аз равзанаву об зи дар берун рафт.


¹ Ҳирқат – сӯхтан.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»