GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Азбаски чашм дорам, к-он маҳ зи дар дарояд

Азбаски чашм дорам, к-он маҳ зи дар дарояд,
Аз ҷо ҷаҳам, чу ногаҳ овози дар барояд.

Резам сиришки гулгун аз захмаи муғаннӣ,
Оре, равон шавад хун, бар раг чу наштар ояд.

Гармам зи оташи дил з-он сон ки гар дар ин таб
Паҳлу ниҳам ба бистар, дудам зи бистар ояд.

Он к-омадан ба кӯят кард ихтиёр як раҳ,
Беихтиёр гашта, сад бори дигар ояд.

Болини хоби роҳат созам бар остонат,
Шабҳо зи посбонат санге, ки бар сар ояд.

Аз авҷи ноз кам деҳ доман ба кас, ки бар каф
Ҳарчанд гул хуш ояд, бар бор хуштар ояд.

Ҳаст он даҳон нишоне аз оби Хизр, к-аз вай
Лабташна бозгардад, гар худ Сикандар ояд.

Бе лаъли ту нишоне бошад зи ашки Ҷомӣ,
Хун, к-аз дили суроҳӣ, дар чашми соғар ояд.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Гар аз пероҳанат бӯе ба тарфи гулситон ояд
Абдураҳмони Ҷомӣ Чу маҳмил баста бар азми сафар ҷонон бурун ояд
Абдураҳмони Ҷомӣ Дӣ кӣ буд он кофири саркаш, ки таркаш баста буд
Абдураҳмони Ҷомӣ Дӯш чашми ман ба хобу бахти ман бедор буд
Абдураҳмони Ҷомӣ То кай аз ҳаҷри ту бо ғам ҳамнишин хоҳем буд
Абдураҳмони Ҷомӣ Дӣ чу дид он маҳ маро, аз роҳ гардидан чӣ буд?
Абдураҳмони Ҷомӣ Рафтам ба боғу сарви хиромони ман набуд
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар шаб аз зулфи ту ҳоли ман парешонтар бувад
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар шабам дар сар хаёли он лаби майгун бувад
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил бо хаёли он лаби майгун зи даст шуд
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР