Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт

Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт,
Ки шукри неъмати субҳи висол натвон гуфт.

Даруни ғунча чаро хуну ҷайби гул чок аст,
Агарна мурғи чаман достони ҳиҷрон гуфт?!

Самоъи лаҳни муғаннӣ хуш асту ин нукта
Зи шохи сарви саҳӣ қумрии хушилҳон гуфт.

Чу завқи бодаи ваҳдат наёфт ҷони ҳаким,
Аз он чӣ суд, ки бар нафйи ширк¹ бурҳон гуфт?!

Диле, ки ёфт ба шабзиндагӣ зи ҷоми сабуҳ,
Нишон зи Хизру сиёҳиву Оби Ҳайвон гуфт.

Замона нағмаи ушшоқу ашкрезӣ-шон
Чу дид, қиссаи Нуҳу ҳадиси тӯфон гуфт.

Ғизои хеш кун аз тарки луқма, к-ин маънӣ
Бувад хулосаи ҳар ҳикмате, ки Луқмон гуфт.

Мабанд лаб зи насиҳат, ки мӯр баҳри Худо
Ба ҳамсарон хабар аз мақдами Сулаймон гуфт.

Бувад шикояти Ҷомӣ зи фаҳми мустамеъон,
Хуш он ки нуктаи мармуз бо сухандон гуфт.


1 Ширк – куфр, аз рӯйи ақидаи Ислом Худоро яккаву ягона надониста, ӯро шарикдор ҳисоб кардан.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»