Соқиё, май деҳ, ки саҳро сабзу бустон хуррам аст

Соқиё, май деҳ, ки саҳро сабзу бустон хуррам аст,
Тавбае, к-имрӯз нашкаста-ст дар олам, кам аст.

Аз зуҷоҷе¹ ҷом мерезад зи якдигар фурӯ,
Гарчи ҳамчун санг асоси тавбаи мо муҳкам аст.

Ёд кун Ҷамро, чу нӯшӣ бодаи ишрат, ки ҷом
Ёдгорӣ монда дар дасти ҳарифон аз Ҷам аст.

Ҳамчу зулфи хубрӯён бар канори гул нишин,
Ай, ки корат аз кашокашҳои даврон дарҳам аст!

Бигзарон имсол вақти гул ба мастӣ хуш, ки пор
Нохушу хуш рафту ҳоли соли дигар мубҳам² аст.

Вораҳон аз меҳнати ҳастӣ ба мастӣ хешро,
З-он ки ҳастӣ меҳнат андар меҳнату ғам бар ғам аст.

Ҷомӣ, аз абри баҳорон бар чаман борон чӣ суд,
Чун саҳоби лутфи соқӣ дар ҳақи мо бенам аст?!


¹ Зуҷоҷ – ойина, обгина, шиша.
² Мубҳам – пӯшида, норашан.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»