GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Дӯш чашми ман ба хобу бахти ман бедор буд

Дӯш чашми ман ба хобу бахти ман бедор буд,
Шаб ҳама шаб мӯниси ҷонам хаёли ёр буд.

Дидамаш дар хоб, чун бедор шуд бахт андаке,
Ин қадар аз бахти хоболуди ман бисёр буд.

Лаъли ӯ аз ханда ҳар боре, ки шаккарбор гашт,
Дар баробар чашми ман аз гиря гавҳарбор буд.

Лаззати ширинии гуфтори ӯ дар дил бимонд,
Аллаҳ-Аллаҳ, он чӣ лабҳои шакаргуфтор буд!

Ваҳ, ки рафт аз хотирам дар хоб бо ман ҳар чӣ гуфт,
Гарчи кори ман ҳама шаб то саҳар такрор буд.

Рӯз дар чашмам шаби тира-ст бе рухсори ӯ,
Ай хуш он рӯзе, ки чашми ман бар он рухсор буд.

Хоби хуш бодат ҳалол, ай дида, Ҷомӣ чун ба хоб
Дида имшаб он чӣ умре баҳри он бедор буд.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ То кай аз ҳаҷри ту бо ғам ҳамнишин хоҳем буд
Абдураҳмони Ҷомӣ Дӣ чу дид он маҳ маро, аз роҳ гардидан чӣ буд?
Абдураҳмони Ҷомӣ Рафтам ба боғу сарви хиромони ман набуд
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар шаб аз зулфи ту ҳоли ман парешонтар бувад
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар шабам дар сар хаёли он лаби майгун бувад
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил бо хаёли он лаби майгун зи даст шуд
Абдураҳмони Ҷомӣ Чу лаб ба кӯза ниҳӣ, кӯзаи набот шавад
Абдураҳмони Ҷомӣ Табъи мардум сӯйи хубони вафокеш кашад
Абдураҳмони Ҷомӣ Шаб дили сӯхта оҳе зи сари дард кашид
Абдураҳмони Ҷомӣ Он турки шӯх, бин, ки чӣ мастона меравад
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР