Ҷилваи ҳусни ту куҷост, ки нест?!

Ҷилваи ҳусни ту куҷост, ки нест?!
Ҷазбаи ишқи ту кирост, ки нест?!

Хабари васли ту расад ҳама ҷой,
Ин хабар дар диёри мост, ки нест!

Каҷ ниҳодӣ кулаҳ ба фитнагарӣ,
Дар сари ту чӣ фитнаҳост, ки нест?!

Ҳар шабе дар фироқат ашки маро
Бо хаёлат чӣ моҷарост, ки нест?!

З-он ду соид суроғи дил кардам,
Аз чапу рост наъра хост, ки нест?!

Сарви бегонапарварию туро
Майли ёрону ошност, ки нест!

Гуфтаӣ: – Чист дар дилат, Ҷомӣ?
Ҷуз ғами ту, Худо гувост, ки нест!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»