Абдураҳмони Ҷомӣ

Дӣ чу дид он маҳ маро, аз роҳ гардидан чӣ буд?

Дӣ чу дид он маҳ маро, аз роҳ гардидан чӣ буд?
В-он равон бигзаштан, он гаҳ бозпас дидан чӣ буд?!

Бо рафиқон гар на рамзе дошт аз ман дар миён,
Он ишорат кардани пинҳону хандидан чӣ буд?!

Бедиле мегуфт дӣ, к-он моҳро хона куҷост?
Ман зи ғайрат сӯхтам, к-он хона пурсидан чӣ буд?!

Бар нишони пойи ӯ созам баҳона саҷдаро,
То нагӯяд кас, ки рух бар хок молидан чӣ буд?!

Гар на охир дар дилаш ҷо кард қавли муддаӣ,
Бегуноҳ аз ошиқи бечора ранҷидан чӣ буд?!

Ман наёсудам зи нола дӯшу он бадхӯ нагуфт
Шаб ҳама шаб бар сари ин кӯй нолидан чӣ буд?!

Ҷомӣ, охир з-он ҷавон бозичаи тифлон шудӣ,
Худ бигӯ, пиронасар ин ишқ варзидан чӣ буд?!