Онон, ки дасти рад ба рухи мо ниҳодаанд

Онон, ки дасти рад ба рухи мо ниҳодаанд,
Бар мо забони таъну маломат кушодаанд.

Зоҳир шавад, чу парда барафтад зи рӯйи кор,
К-эшон на доди мардиву инсоф додаанд.

Азми сафар ба олами дил кардаанд, лек
Дар раҳ фитода, балки зи раҳ уфтодаанд.

Аввал чу сели рафта хурӯшону кафзанон
В-охир миёни роҳ чу рег истодаанд.

Аъёни оламанд, вале кӯрботинанд,
Бар шакли одаманд, вале девзодаанд.

Дар арсаи амиву ҷаҳолат дуаспаанд,
Дар шоҳроҳи донишу биниш пиёдаанд.

Ҷомӣ, зи ҷоми ҳусни бутон бода хур, чӣ бок,
Гар мункирон на воқиф аз ин ҷому бодаанд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»