Зи шавқат занам дам, забонам бисӯзад

Зи шавқат занам дам, забонам бисӯзад,
Сабурӣ кунам пеша, ҷонам бисӯзад.

Наёрам зи дил оташин оҳ берун,
Ки тарсам ҳама хонумонам бисӯзад.

Чу болои ишқат кушоям дуконе,
Ҷаҳад барқи ғайрат, дуконам бисӯзад.

Чунон гарм гашт аз таби дуриям тан,
Ки наздик шуд, к-устухонам бисӯзад.

Гар аз хуни дил бистарам тар нагардад,
Зи тоб ин тани нотавонам бисӯзад.

Чӣ сон ҷуз ғамат туъма созам, ки луқма
Зи таффи дарун дар даҳонам бисӯзад?

Чу дар дафтар ашъори Ҷомӣ нависам,
Занад шуъла килку баёнам бисӯзад!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»